Намоиши "Рубоҳи ҳилагар" барои кӯдакон дар толори ҲНИТ
Бахшида ба Рӯзи байналхалқии кӯдакон, 2- юми июн соати 9 дар қароргоҳи Ҳизби наҳзати ислом барномаи фарҳанги-тафреҳӣ барои кӯдакон баргузор мегардад.
Тавре ба Озодагон аз дафтари ҲНИТ хабар доданд, дар барнома намоиши бозиҳои шавқовар ва супоридани тӯҳфаҳо барои кӯдакон дар назар гирифта шудааст.
Бино ба иттилои манбаъ, ҳамчунин дар ин рӯз театри «Лӯхтак» барномаи «Рӯбоҳи ҳилагар»-ро барои кӯдакон дар толори ҲНИТ ба намоиш мегузорад. Ширкат барои ҳамагон озод аст. Дар барнома мавзӯҳои тарбиятӣ ва баъзе барномаҳо аз тарафи худи кӯдакон ҳам дар назар гирифта шудааст.