Мубталоёни Гепотити А 500 нафар зиёд шудаанд
Дар Тоҷикистон таи се моҳи аввали соли ҷорӣ 2 ҳазору 661 ҳолати мубталошавӣ ба гепотити А ба қайд гирифта шудаст. Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 500 ҳолат зиёдтар ба қайд гирифта шудааст.
Тибқи иттилои Хадамоти санитарию эпидемиологии Тоҷикистон таи моҳҳои январ – марти соли гузашта ҳамагӣ 2061 ҳолати бемории гепотити А ба қайд гирифта шуда буд.
Масъулини хадамот изҳор медоранд, ки эҳтимоли афзоиши мубталошавӣ ба гепотити А моҳҳои наздик зиёд аст.
Ҳоло бошад ҳафт намуди бемории гепатит маълум буда, дар Тоҷикистон бештар гепатити А, В, С, D ва Е ба қайд гирифта мешавад. Масъулин мегӯянд ба бемории гепатити А ва Е бештар кӯдакон гирифтор шуда, ба гепатити В,С ва D калонсолон гирифтор мешаванд.