Таваҷҷӯҳ ба некӯаҳволии наврасон дар Рӯзи байналхалқии кӯдак
Ба муносибат Рӯзи байналхалқии ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон 1 июни соли равон бо дастгирии барномаи Институти ҷамъияти кушоди «Бунёди Мадад» дар Тоҷикистон ва ҳамшарикии ҳукумати шаҳри Душанбе, ЮНИСЕФ ва созмонҳои ҷамъиятӣ дар боғи кӯдакони пойтахт маъракаи хайрия барои кӯдакон баргузор мегардад.
Тавре ба Озодагон аз Институти ҷамъияти кушоди «Бунёди Мадад» хабар доданд, ҳадаф аз чорабинии мазкур ҷалби таваҷҷӯҳи калонсолон ба проблемаи некӯаҳволии кӯдакон, ғамхорӣ зоҳир кардан ва таъмини зиндагии арзанда ба онҳо мебошад.
Кӯдакон бо ҳамроҳии калонсолон аз ҷумла, волидон, муаллимон, мураббиён ва дигарон метавонанд дар озмуну консертҳо ва бозиҳои гуногун иштирок карда, истироҳат намоянд. Ҳамаи хоҳишмандон метавонанд дар чорабиниҳои мазкур иштирок намуда, малакаву истеъдоди худро нишон диҳанд.