Заминларза сабаби марги дасти кам 10 нафар шуд
Шимоли Италия баъди чанд соати ЗИЛ-зилаи шадид боз шоҳиди ҷунбиши замин шуд.
Гуфта мешавад, шиддати ларзиши замин 5,3 бали ҷадвали Рихтерро ташкил додааст.
Тибқи иттилои расида, теъдоди қурбониёни заминҷунбии субҳи имрӯз дасти кам ба 10 нафар мерасад. Бештари онҳо дар атрофии шаҳри Моден, ки чанд бинои саноатӣ таъриб шуд, ба ҳалокат расидаанд.
Ёдовар мешавем, 20-уми май дар ин минтақа як заминларзаи дигар ба вуқӯъ пайваст, ки ҷони 7 нафарро гирифта, беш аз 5 ҳазор касро бесарпаноҳ кард.
Марио Монти, сарвазири Италия гуфт, ки ҳукумат барои кӯмак ба зарардидагон тамоми чораҳоро хоҳад андешид.