2011-05-04 15:14
Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Покистон оид ба алоқаи ҳавоӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз дафтари матбуотии Маҷлиси Намояндагон иттилоъ доданд, имрӯз таҳти раёсати Райиси палатаи поёнии парлумони мамлакат Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии шӯро баргузор гардида, зимнан лоиҳаҳои қонунҳо «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бамеъёрдарории техникӣ», «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фарҳанг», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2011» мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифтанд. Бино ба қавли аъзоёни шӯро ҳадаф аз пешниҳоди лоиҳаҳои қонунҳои мазкур тақозои замон буда, қабули онҳо барои рушду густариши соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва дар ин замина барои беҳбуди вазъи зиндагии аҳолии мамлакат кӯмак менамоянд.