Яке аз фишангҳои асосии сиёсати пулию қарзии кишвар тағйир наёфтааст
Масъулини Бонки миллӣ мегӯянд, меъёри бозтамвил яке аз фишангҳои асосии сиёсати пулию қарзӣ ба шумор рафта, аз 24-уми феврали соли равон то имрӯз бетағйир боқӣ мондааст.
Тавре аз бонки мазкур ба Озодагон иттилоъ доданд, айни замон меъёри бозтамвил 8,0 фоизи солонаро ташкил медиҳад. Намояндагони бонки миллӣ иброз медоранд, ки меъёри бозтамвил яке аз нишондиҳандаҳои муҳими иқтисоди буда, дар рушди соҳибкорӣ мусоидат менамояд: «Нишондиҳандаи дигари муҳими иқтисодӣ - сатҳи таваррум аст, ки мувофиқи маълумотҳои расмӣ дар чор моҳи аввали соли равон 1,9 фоиз ва дар давоми 12 моҳи охир бошад, он 5,1 фоизро ташкил намудааст»,-афзуд манбаъ.