Ҳар 10-умин муҳоҷири тоҷик имсол зан будаст
Тибқи иттилои Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон аз 314 ҳазору 743 муҳоҷир, ки аз 1-уми январ то аввали моҳӣ ҷорӣ аз кишвар берун рафтаанд, ҳар даҳуминаш зан будааст.
Манбаъ теъдоди умумии занони тоҷикро, ки дар моҳҳои январ - апрели соли ҷорӣ ба муҳоҷират рафтаанд, 31 ҳазору 30 нафар арзёбӣ мекунад. Аз ҷумла 16 ҳазору 30 нафари занон аз Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ, 10 ҳазору 850 нафарашон аз вилояти Суғд, як ҳазору 892 нафар аз вилояти Хатлон, 184 нафар аз вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон ва 2 ҳазору 74 нафар аз шаҳри Турсунзода ба муҳоҷират раҳсипор шудаанд.
Тибқи иттилои Созмони ҷаҳонии муҳоҷират миёни муҳоҷирони тоҷики дар Русия қарордошта, 15,4 фоизашонро занон ташкил медиҳанд.
Масъулини Созмон таъкид мекунанд, ки бо назардошти афзоиши занони муҳоҷир, 30 фоизи барномаҳое, ки ба омӯзондан ва такмили ихтисоси муҳоҷирон рабт доранд, ба омӯзандани занон равона хоҳанд шуд.