84 дар сади муҳоҷирони тоҷик аз тайёра истифода мекунанд
Тибқи иттилои Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар чор моҳи аввали соли ҷорӣ аз кишвар 314 ҳазору 743 нафар ба муҳоҷират рафтаанд. Ба иттилои манбаъ 84 дар сади ин афрод аз тариқи тайёра сафар кардаанд.
Аз шаҳри Душанбе таи моҳҳои январ - апрели соли ҷорӣ ба воситаи тайёра 154 ҳазору 545 нафар ба хориҷа рафтаанд. Аз вилояти Суғд дар чор моҳи аввали соли равон 85 ҳазору 297 нафар ва аз вилояти Хатлон 23 ҳазору 565 нафар муҳоҷират кардаанд.
Аз хизматрасонии қатора бошад, 38 ҳазору 319 нафар муҳоҷир истифода бурдааст. Аз ҷумла аз шаҳри Душанбе 29 ҳазору 746 ва аз вилояти Суғд 8 ҳазору 573 нафар.
Бо мошин Тоҷикистонро дар моҳҳои январ – апрели соли ҷорӣ 13 ҳазору 57 нафар тарк кардааст.