Хесен Форст: Бебарқӣ ҷангалҳои Тоҷикистонро нест кардааст
Таҳлилгарони хадамоти маслиҳатдиҳии «Ҳесен - Форст»-и Олмон оид ба идораи захираҳои ҷангал, дар пайи як таҳқиқот дар Тоҷикистон ба ин хулоса расидаанд, ки қариб ҳамаи ҷангалҳои кишвар нобуд шуда ва назорати қонуният зимни истифодаи ҷангалҳо, ҷамъоварию коркарди ахбори соҳа давоми 20 соли охир аз байн рафтааст.
Таҳқиқгарони байналмилалӣ майдони ҷангалҳои мавҷудаи Тоҷикистонро ҳамагӣ ҳудуди 250 000 гектар ё 2 фоизи ҳудуди кишвар баҳогузорӣ мекунанд.
Дар ҳоле, ки тибқи қайдҳои мавҷуда сад сол пеш 25 фоизи ҳудуди Тоҷикистонро ҷангал фаро мегирифт. Коршиносон меафзоянд, ки имкони истеҳсолии ҷангалҳои мавҷуда кам аст. Захираи миёнаи чуб дар як га 30 метри мукааб мебошад.
Таҳқиқгарони «Ҳесен Форст» нестшавии ҷангалҳоро ба он рабт медиҳанд, ки баъди пошхурии шӯравӣ, барои қонеъ намудани талаботи аҳолии Тоҷикистон, аз хориҷа нафт, газ, ангишт ворид намешуд. Бино ба ин сарборӣ болои ҷангалҳои дохилӣ ба маротиб афзуд. Ҳисоб шудааст, ки 70 фоизи аҳолии Тоҷикистон аз манбаъҳои чӯбии энергия истифода мекунанд. Инчунин буридани ғайриқонунии дарахтҳо, чарондани чорвои калони шохдор дар ҷангалзорҳо ва интиқоли ҷаналҳо ба таркиби заминҳои хоҷагии қишлоқ, сабабҳои асосии камшавии масоҳати ҷангал арзёбӣ мегардад.