Гуфта мешавад, дар ин ҳамойиш намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ВАУ дар давоми ду рӯз оид ба ҳамкории ташкилотҳои ҷамъиятӣ бо ВАО, услубҳои корбарӣ бо ҷомеа, тарзи навиштани варақаҳои иттилоотӣ, интихоби намуди ВАО вобаста ба намуд ва минтақаи фаъолияти ташкилот ошноӣ пайдо мекунанд.
Маврид ба ёдоварист, чорабинии мазкур дар доираи лоиҳаи «Ташаббусҳои ҷавонони Суғд» гузаронида мешавад. Ин пружа тибқи барномаи EIDHR аз тарафи Иттиҳоди Аврупо мабағгузорӣ карда шуда, аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи Ихтиёриёни Ташаббускор - Аксент» (ТҶ «ГИТ-Аксент») дар шарикӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии Маркази иттилоотиву маърифатӣ ва фарҳангии «Фурӯғ» амалӣ мегарадад.