Хароҷоти маблағ дар Роғун кам шудааст
Тибқи иттилои Агентии омори кишвар дар се моҳи аввали соли ҷорӣ дар нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» 225 миллиону 400 ҳазор сомонӣ аз худ шудаст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2011-ум 25,9 миллион сомонӣ камтар аст.
Дар маҷмӯъ тибқи иттилои Агентӣ дар сохтмони иншооти энергетикии кишвар 267,7 миллион сомонӣ аз худ шудаст, ки 31 фоизи ҳамаи сармояи азхудшударо дар кишвар ташкил медиҳад. Саҳми сармояи хориҷӣ дар бахши энергетика 14,4 фоиз, ё 38,5 миллион сомониро ташкил додаст.
Дар бахши нақлиёту алоқа 135,1 миллион сомонӣ аз худ шудаст, ки 100,8 миллион ё 74,6 фоизаш сармояи хориҷӣ мебошад. Маблағҳои дар бахши нақлиёту алоқа харҷшуда дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2011, 45 фоиз зиёд мебошад.
Дар маҷмӯъ таи моҳҳои январ - март дар кишвар аз худкунии сармоя 37 фоиз коҳиш ёфта, ҳамагӣ 860,2 миллион сомониро ташкил додааст.