«Аз президент хоҳиш дорам, ки парвандаи ман ва писарам аз нав мавриди баррасӣ қарор бигирад».
Дар ин бора, имрӯз Сироҷиддин Абдураҳимов, мулаққаб ба эшони Сироҷиддин, ки дар муассисаи ислоҳотии рақами 4-и вазорати адлия маҳбасӣ аст, дар ҳузури журналистон иброз дошт. Зимнан, Абдураҳмонов илова кард, ман ва писарам, ки бо ҷурми пайравӣ ба равияи «Салафия» равонаи зиндон гардидем, аз чунин ҷараён бехабар буда, пайрави мазҳаби ҳанафияем, ки асосгузораш Имоми Аъзам ҳастанд.
Ёдрас менамоем, додгоҳи ноҳияи Синои пойтахт дар моҳи январи соли 2010 Эшони Сироҷиддин, рӯҳонии маъруф дар кишварро бо шаш тани дигар, ки дар миёни онҳо писари нуздаҳсолаи ӯ низ буд, ба зиндон фиристод. Асосан онҳоро барои он айбдор карда буданд, ки ҳаракатҳои онҳо, масалан, баланд гуфтани "омин", кушод нигоҳ доштани пойҳо ҳангоми намоз, баъд аз хатми намоз бо овози баланд "омин" гуфтан, гӯё ангехтани фитнаи динӣ бошад .Марҳабо Турдиматова, додраси ин парванда, ба ҳангоми ошно кардани муттаҳамин бо айбномаи додситонии кулл гуфт, ҳамаи 7 нафар аз рӯйи моддаи 189, қисми дуввуми Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, ки ба барангехтани адовати диниву нажодӣ рабт дорад, муттаҳам мешаванд.
Бояд гуфт, боздиди журналистон аз зиндонҳои кишвар ва вазъи маҳбусин бо мусоидати раёсати корҳои ислоҳии вазорати адлияи Тоҷикистон ва кӯмаки сарвари ин ниҳод генерал Изатулло Шарипов қабл аз зӯҳри рӯзи 3-юми июн сурат гирифт. Фишурдаи боздиди хабарнигори «Озодагон» дар ин маврид пас аз чанд соат ба нашр мерасад.{jathumbnail off}