Кадучӣ баъди 40 сол шодоб шуд
Соҳибкорони маҳаллӣ барои ба об таъмин намудани сокинони рустои Кадучӣ дар ноҳияи Восеъ ташаббус гирифта, ахиран ин мавзеъро шодоб намуданд.
Ба қавли Насруллоҳ Саидов, раиси ҷамоати деҳоти ба номи Вайсов, наздик ба 40 сол буд, ки аҳолии рустои Кадучӣ ва Кайнари боло аз оби нушокӣ танқисӣ мекашиданд. «Аз соли 1975-и асри гузашта дар ин деҳа оби нушокӣ набуд. Одамон ба воситаи хару ароба ва мошин аз масофаи дур об мекашиданд. Соли 2007-ум як ташкилоти байналмиллалӣ аз деҳаи Кайнари поён то қишлоқи Кайнари боло хати оби нушокӣ кашид. Аммо бо гузашти ҳамагӣ 3 моҳ қубурҳои бесифат корношоям гаштанду мардум боз бе об монд»,-афзуд номбурда.
Ба гуфтаи манбаъ, ҳарчанд дар ҳукумати маҳаллӣ аз вазъият огоҳ буданд, вале касе дар пайи ҳали мушкил набуд. Султон Валиев, раиси феълии ноҳия дар якчанд нишасту ҷамъомадҳо аз соҳибкорони маҳаллӣ дархост намуд, ки барои бо об таъмин намудани аҳолии русто саҳмгузор бошанд. Ахиран, бо ташаббуси соҳибкорон Давлат Шарбатов, Файзалӣ Абдуллоев, Шералӣ Табаров, Қурбон Расулов ва Дилшод Раҷабов дар ҳудуди русто 5 чоҳи амудӣ канда ва як чоҳи мавҷудбуда аз нав таъмиру барқарор шуд. Дар ҳоли ҳозир 70 фисади аҳолӣ бо об таъмин гардида, рӯзҳои наздик қисмати боқимонда низ шодоб хоҳанд гашт.