Масоили ҳуқуқи ҳар як нафар барои истифода аз стандартҳои мавҷуда дар бахши саломатии ҷисмонӣ ва рӯҳӣ баррасӣ гардид.
Аз Вазорати корҳои хориҷӣ ба Озодагон хабар доданд, ки ин масъала зимни мулоқоти Маҳмудҷон Собиров, муовини аввали вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ананд Гровер, гузоришгари вижаи СММ оид ба масъалаи ҳуқуқи ҳар як шахс барои истифода аз стандартҳои мавҷуда дар бахши саломатии ҷисмонӣ ва рӯҳӣ матраҳ шудааст.
Зимни мулоқот Маҳмудҷон Собиров сафарҳои маърӯзачиёни махсуси СММ-ро дар таҳкими низому сохторҳои кишвар дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон муҳим арзёбӣ намуда, Ананд Гроверро бо як қатор иқдомҳои ҳукумати Тоҷикистон дар ташаккулёбии заминаҳои ҳуқуқӣ ва таҳкими иқтидори миллӣ дар соҳаи ҳифзи тандурустӣ шинос кард.
Ананд Гровер аз даъвати ҳукумати Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ намуда аз мақсади сафару нигоҳи худ ба масъалаҳои мубрами ҳифзи тандурустии аҳолӣ дар Тоҷикистон маълумот дод.
Ёдовар мешавем, боздиди ҷаноби Гровер аз кишвари мо то 31 майи соли 2012 идома хоҳад кард.