«Бародарони мусалмон»: Номзади мо райъи бештар гирифтааст
Дар Миср шумори райъҳои интихоботи президентӣ шурӯъ гардид. Натиҷаи овоздиҳӣ қарор аст, рӯзи сешанбе ба таври расмӣ эълон шавад.
Баъди суқути режими Ҳусни Муборак, ки дар пайи эътирозҳои мардум дар феврали соли гузашта ба вуҷуд омад, ин аввалин интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар кишвар аст.
Ҳаракати «Бародарони мусалмон» зимни нишасти хабарие изҳор дошт, ки райъҳои бештарро номзади ҳизби «Озодӣ ва адолат» Муҳаммад Мурси, ки ба ҳаракати онҳо иртибот дорад, соҳиб шудааст. Намояндаҳои «Бародарони мусалмон» ба ин хулоса баъди натиҷаи муқадамотии шумориши орои бештар аз дусад участкаҳои овоздиҳӣ расидаанд. Теъдоди чунин участкаҳо зиёда аз 13 ҳазор будааст.
Гуфта мешавад, бо эҳтимоли зиёд даври дуюми интихоботи раёсатҷумҳурӣ баргузор мешавад, зеро аз миёни 13 мудаии курсии президентӣ дарёфти бештар аз 50 дар сади райъи мардум имконнопазир шумурда мешавад.
Шонси бештарро барои дар даври дуюм рақобат кардан, ба ҷуз аз Муҳаммад Мурси, ҳамчунин сарвазири собиқ дар аҳди Ҳусни Мукборак Аҳмад Шафиқ, роҳбари пешини Лигаи кишварҳои Араб Амр Мусо ва номзади мустақил Абдул Муним Фотеҳ доранд.
Даври дуюми интихоботи президентӣ 16 ва 17-уми июн муқаррар шудааст.