Дмитрий Медведев бар асоси сӯҳбат бо ҷомеаи интернетии кишвараш, ки охири апрели соли равон доир гашта буд, ин тасмимро гирифтааст ва ҳам акнун як қатор масъулин, аз ҷумла вазири алоқаву мухобирот Игор Шеголев, вазири умури хориҷӣ Сергей Лавров, муовини сарвазир Игор Шувалов муваззаф шудаанд, то 1 августи соли 2011 ҳадди масъулияти идораи ВАО-ро барои паҳни маводи ташреҳии хонандагон ва изҳороти тарафи саввум, ки қонунгузории ФР, аз ҷумла қонунгузории зидддитеррористиро вайрон мекунанд, муайян созанд.
Ҳамчунин, Медведев супориш додааст, то тағйироту иловаҳо ба қонун бояд ба баҳси мутахассисин вогузошта шавад ва ҳамаҷониба мавриди баррасӣ қарор дода шавад.
Маврид ба ёдоварист, як чунин изҳори нигаронӣ дар мавриди шарҳҳои интернетӣ дар миёнаи моҳи май низ аз сӯи райиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев садо дода буд. Аз ҷумла дар баёнияи дафтари матбуотии пойтахт он вақт навиштанд: "Таҳлилҳо шаҳодат медиҳанд, ки дар ВАО (расонаҳо) ва бештар дар бахши «назарҳо»-и сомонаҳо (сойтҳои интернетӣ) баёни афкори носолим ифода мегардад, ки он воқеъан нигаронкунанда ва ингуна сӯиистифода кардан аз озодии баён дар минбари тавлидкунандаи афкори омма назди қонунгузории кишвар бо дарназардошти оқибатҳои таҳрифкории воқеъият посухталаб мебошад."{jathumbnail off}
Зимнан, ҳукумати Душанбе аз тамоми раҳбарони расонаҳо ва масъулини сайтҳои интернетӣ даъват карда буд, ки усули озодии баёнро риъоят кунанд ва аз он чӣ ки ба вайроншавии фазои иттилоотӣ бойис мегардад, ҷилавгирӣ кунанд.