Дар ҷануби Маскав боз як тоҷикро парронданд
Бино ба маълумоти як манбаъи мӯътамади Интерфакс аз ниҳодҳои интизомӣ шоми гузашта дар ҷануби Маскав як роҳрӯби тоҷик кушта гардидааст.
Дар рӯбарӯи хонаи рақами 22 кӯчаи Подолских Курсантов ҷасади ҳавлирӯби тоҷики аз гарданаш тирхӯрда пайдо гардид гуфтааст, манбаъ ба Интерфакс.
Мақомоти пулис гуфтаанд, аллакай гумонбареро барои қатли роҳрӯби тоҷик дастгир карданд, ки иқрор кардааст, ки дар баҳс бо ин тоҷик аз милтиқи зарбрасон ба ӯ тир кушодааст ва дар натиҷа ин тоҷик ба ҳалокат расидааст. Феълан гумонбар то эълони айб боздошт шуда, аз рӯи ин далели қатли тоҷикписар парвандаи ҷиноӣ боз карда шудааст.
Аммо мақомот дар бораи ҳуввияти ин тоҷикписар хабар надодаанд.
Дар ҳамин ҳол Маркази матбуоти сафорати Тоҷикистон дар Маскав мегӯяд, сафорат барои дақиқ кардани шахсияти мақтул ба мақомоти дахлдор муроҷиат кардааст ва дар мавриди дастрас кардани маълумот омода аст кӯмаки лозимаро бирасонад.