Ҳамлаи ҳавоии таёраҳои бесарнишини амрикоӣ субҳи имрӯз ҷони дасти кам даҳ ошубгари ҷангҷӯро дар Покистон гирифт.
Тибқи иттилои расонаҳои хабарӣ амалиёти мазкур дар шимолу ғарби Покистон анҷом шудааст. Гуфта мешавад, тайёраҳо ба манзиле дар Вазиристони Шимолӣ, ки паноҳгоҳи ҷангҷӯён будааст, ду мушак партоб кардаанд.
Қаблан, аз кушта шудани чор нафари дигар дар пайи ҳамлаҳои ҳавоӣ дар ҳамин минтақа хабар расида буд.