Соҳибкороне, ки корхонаҳои саноатӣ бунёд менамоянд ё таҷҳизоту технологияи муосир ворид мекунанд ва онро дар истеҳсолот амалӣ месозанд, муддати се сол аз тамоми намуди санҷишҳо озод карда мешаванд.
Дар ин бора Давлаталӣ Саидов, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ 23-юми май дар нишасти навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагон иброз дошт.
Зимни ин ҷаласа вакилони палатаи поёнии Парлумон лоиҳаи қонуни Тоҷикистон «Дар бораи мораторияи санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ»-ро баррасӣ ва қабул намуданд.
Дар ҷаласа Давлаталӣ Саидов иброз дошт, ки мақсад аз таҳия ва қабули лоиҳаи қонуни мазкур рушди иқтисодиёти миллӣ ва соҳибкорӣ дар бахши истеҳсолот, муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ ва ғанӣ гардонидани буҷаи давлатӣ аст.
Баҳри амали гардонидани қонуни мазкур Комиссияи давлатӣ созмон дода мешавад, ки дар ҳайти он намояндагони вазорату идораҳо, сохторҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ шомил мешаванд. Санҷиши таҷҳизоту технология барои истеҳсолот, ки аз кишварҳои хориҷӣ ворид мегардад, яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти комиссияи мазкур ба ҳисоб меравад.
Ёдрас мешавем, ки чунин моратория соли 2008 ба мӯҳлати ду сол эълон шуда буд.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторийи санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ» баъди имзои санад аз ҷониби президенти кишвар ва интишори он дар нашрияҳои расмӣ ҳукми қонунӣ мегирад.