Шӯрои нақлиёти роҳҳои оҳани кишварҳои Иттиҳоди давлатҳи мустақил дар ҷаласаи 56-уми худ, ки дар шаҳри Маскави Русия баргузор гардид, дар қатъ гардидани ҳаракати қатораҳо тавассути истгоҳи Амузанг-Ғалабаи Ӯзбакистон ба самти Тоҷикистон, амалкарди «Ӯзбекистон темир йуларӣ» (Роҳи оҳани Ӯзбекистон) - ро дар ин ҷода нодуруст арзёбӣ кард.
Тавре аз Вазорати нақлиёти кишвар ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ доданд, дар ҳамоиши мазкур яке аз пешниҳоди муҳими ҷониби Тоҷикистон вазифадор намудани Ӯзбакистон дар ҳалли мушкилоти роҳи оҳани Амузанг-Ғалабаи самти Тоҷикистон буд. Аз тарафи намомяндагони тоҷик дар ҷаласа масоили муҳим пешниҳод гардиданд, ки яке аз онҳо мутобиқи банди 7. 22 протоколи ҷаласаи Шӯрои мазкур ҷониби Ӯзбакистон вазифадор гардид, ки то 15 -уми июли соли равон масъаларо ҳал намуда, ба шӯро маълумоти хаттӣ пешниҳод намояд.
Ҳаракати қаторҳои ҷануби Тоҷикистон дар самти Роҳи оҳани Амузанг- Ғалабаи Ӯзбакистон ҳудуди 5 моҳ инҷониб бар асари як таркиш қатъ гардида буд, ки ҳанӯз ин масъала миёни Тоҷикистон ва Ӯзбакистон ҳалли худро наёфтааст. Бо таваҷҷӯҳ ба ин, гуфта мешавад, масъулини тоҷик зимни ҳамоиши Маскав тақозо намудаанд, ки Ӯзбакситон дар ҳалли ин масъала ҳар чӣ зудтар чораҷӯӣ намояд. Манбаъ мегӯяд, дар ҷаласаи мазкур 12 масъалаи марбут ба соҳаи роҳи оҳан мавриди муҳокима ва баррасии ҷонибҳо қарор гирифт.