Туркманистон аз истифодаи истилоҳи «Ҷанги Бузурги Ватанӣ» даст мекашад
Васоити ахбори оммаи Туркманистон аз мақомоти ин кишвар дастур гирифтаанд, то аз истифодаи истилоҳи «Ҷанги бузурги ватанӣ» дар мавриди инъикоси муборизаҳои мардуми Иттиҳоди Шӯравӣ бо Олмони фашистӣ даст бикашанд.
Тавре нашрияи «Хроника Туркменистана» менависад, аз ин ба баъд дар ин маврид ВАО истилоҳи «Ҷанги солҳои 1941 1945» - ро истифода хоҳанд кард. Ин нашрия менависад, ки бори охир истилоҳи «Ҷанги бузурги ватанӣ» рӯзи 9-уми май садо додааст ва худи ҳамон рӯз Вазорати фарҳанги ин кишвар ба ВАО дастури тағйири шакли истифодаи ин истилоҳро ирсол кардааст.
Мақомот чунин тасмими худро ташреҳ накардаанд. Аммо мухолифини ҳукумати феълии Туркманистон бар онанд, ки мақомот намехоҳанд бо тарс аз вокуниши Русия, ки ҳар як кӯшиши тағйири муносибатро нисбат ба «ҶБВ» бо дард қабул карда, вокуниш нишон медиҳад, атрофи ин мавзӯъ ҳангома бардошта шавад.
Ин дар ҳолест, ки Атамурод Ниёзов падари Сафармурод Ниёзов, собиқ президенти Туркманистон, ки тибқи иттилоъи расмӣ дар набардҳо бо фашистон барои Қафқоз соли 1942 ба ҳалокат расидааст, соли 2000 -ум унвони Қаҳрамони Туркманистонро соҳиб шуда буд.
Дар замони ҳукумати Сафармурод Ниёзов мақомоти Турманистон теъдоди дар ин ҷанг фавтидагонро беш аз 700 ҳазор нафар ҳисоб мекарданд, аммо аз он ки бино ба маълумоти оморӣ дар соли 1939 нуфуси ин кишвар ҳамагӣ 1,5 миллионро ташкил медод, ин шумор ниҳоят шубҳабарангез дониста мешавад.