Федератсияи байналмилалии ҷамъиятҳои «Салиби Сурх» ва «Ҳилоли Аҳмар»-и Тоҷикистон ба мардуми осебдида аз зилзила дар ноҳияҳои Рашт, Нуробод ва Тавилдара ёрии башардустона мерасонанд
Дар қатори кӯмакҳо расонидани маҳсулоти ғайриғизоӣ, масолеҳи сохтмонӣ ва ёрии равонӣ низ дар назар аст. Ба хабаргузории «Озодагон» аз ҷамъияти «Ҳилоли Аҳмар»- и Тоҷикистон хабар доданд, ки дар чаҳорчӯбаи ин ёрӣ дар маҷмӯъ ба 558 хонавода (3,348 нафар) ёрӣ расонида мешавад. Аллакай расонидани кӯмакҳо оғоз шудааст ва ба 86 хонаводаи осебдида маводи ғайриғизоӣ дода шудааст.
Бино ба иттилои манбаъ, дар натиҷаи зилзилаи шадиде, ки субҳи 13-уми майи соли 2012 рух дод, 22 деҳа дар се ноҳияи Шарқи Тоҷикистон зарар диданд. ҶҲАТ бо ёрии Федератсияи байналмилалӣ аз лаҳзаҳои нахустини офат фаъолияти худро оғоз намуд. Феълан, 50 узви Кумитаҳои маҳаллии вокунишӣ аз ҳар се ноҳияи зарардида ва 8 узви Гурӯҳи миллии вокуниш ба офатҳо дар минтақа фаъоланд. Кормандон ва ихтиёриёни ҶҲАТ дар минтақа ба муайян кардани ҳаҷми хисорот ва ниёзҳои осебрасидаҳо ва ироаи ёрии аввалу кӯмаки равонӣ машғуланд.