Тавре ба «Озодагон» аз ВКД хабар доданд, зимни боздошт аз тарафи нозирони роҳ номбурда ба телефони боварии ВКД 221-21-21 нотарсона занг зада, таҳдид мекунад, ки нозирони роҳ ӯро боз доштанд ва агар дарҳол ҷавоб надиҳанд ба роҳбарияти ВКД занг мезанад. Дар натиҷа маълум гардид, ки номбурда дар хатсайри рақами 8 ғайриқонунӣ ба мусофиркашонӣ машғул буда, аз сабаби надоштани ҳуҷҷатҳои лозимӣ бо суханони бардурӯғ мехостааст аз ҷазои маъмурӣ наҷот ёбад.
Бино ба иттилои манбаъ, бо супориши махсуси вазири корҳои дохилӣ аз тарафи нозирони роҳ ва дигар сохторҳои мақомоти корҳои дохилӣ ҳамарӯза барои ошкор кардани ронандагоне, ки ба қоидавайронкунӣ роҳ медиҳанд рейдҳои муштарак гузаронида шуда истодааст. Қоидавайронкунандагон новобаста аз мансаб, ҷои кор ва вазифа ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешаванд.