Михаил Саакашвили, президенти Гурҷистон муътақид аст, ки кишвараш дар соли 2014 узви Паймони Атлантикаи Шимолӣ мешавад.
«Саммити ояндаи НАТО тахминан соли 2014 баргузор мешавад ва Гурҷистон дар қатори се кишвари Балкан шонси аъзои баробарҳуқуқи он шуданро дорад. Ман ҳеч вақти дигар чун имрӯз ба ин муътақид набудам»,-гуфтааст раисҷумҳури Гурҷистон дар ҳамоиши кишварҳои НАТО дар Чикаго. Сомонаи президенти Гурҷистон навиштааст, ки дар саммити Чикаго тавофуқномае тасвиб шуд, ки се банди он пурра ба ин кишвар бахшида шудааст. Дар ин санад Гурҷистон «аспирани НАТО» унвон шуда, гуфта мешавад, ки ҳатман узви он мегардад.
Ҳиллари Клинтон, котиби давлатии ИМА зимни суханронӣ дар саммити Чикаго гуфтааст, ки дар ҳамоиши ояндаи Паймони Атлантикаи Шимолӣ бояд масоили зиёд кардани ҳудуди блоки ҳарбӣ баррасӣ шавад. Гуфта мешавад, хонуми Клинтон ба Босния, Гурҷистон, Македония ва Черногория ишора кард, ки талоши аъзои НАТО шуданро доранд.
Алъон, замон ва макони саммити ояндаи НАТО маълум нашудааст.