Вазири корҳои дохилӣ дар машқҳои тан ба тани Дастаи зудамал иштирок кард
Имрӯз, 22-юми май Рамазон Раҳимов, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон аз Раёсати мубориза зидди ҷиноятҳои муташакилона (РМЗҶМ)-и ВКД дидан кард.
Тавре ба Озодагон аз ВКД хабар доданд, зимни мулоқот Дастаи зудамали милисаи РМЗҶМ аз омодагии ҳамаҷонибаи худ дар муҳорибаҳои тан ба тан, безараргардонии гурӯҳҳои террористӣ, мубориза бо гурӯҳҳои муташаккилонаи ҷинояткор, ҷиноятҳои вобаста ба муомилоти ғайриқонунии моддаҳои нашъадор машқҳои махсуси тактикиву ҷангӣ нишон дод. Ба иҷроиши он Вазири корҳои дохилӣ баҳои баланд дод. Зимни суханронӣ Рамазон Раҳимов қайд намуд, ки Дастаи зудамали милитсаи РМЗҶМ яке аз воҳидҳои навтаъсис, вале хеле пурқуввати ВКД ба шумор рафта, дар бисёре аз амалиётҳои безараргардонии гурӯҳҳои террористӣ иштирок намудааст. Генерал–лейтенанти милиса афзуд, ки дастаи мазкур дар ҳама ҳолат аз ӯҳдаи вазифаҳои дар наздаш гузошташуда бо сарбаландӣ баромада метавонад.
Бино ба иттилои манбаъ, дар чорабинии мазкур инчунин, қайд гардид, ки дар замони муосир, ки ҷиноятҳои шакли муташаккил дар тамоми дунё ба назар мерасад, кормандони дастаи мазкурро низ зарур аст, то донишу малака ва маҳорати касбии худро боз ҳам сайқал дода, бо ҳама падидаҳои номатлуби замона муқовимат карда тавонанд.