Толибилмону унвонҷӯёни тоҷик дар Маскав мушкили худро акнун дар якҷоягӣ ҳал мекунанд
Дар сафорати Тоҷикистон дар Русия Нодира Зуҳурова, масъули Вазорати маорифи Тоҷикистон оид ба муносиботи байналмиллалӣ бо донишҷӯён ва унвонҷӯёни тоҷикистонии макотиби олии Москав дидору гуфтугӯ кард.
Масъули Вазорати маорифи Тоҷикистон оид ба барномаҳои байнидавлатии ниҳодҳои омӯзишу парвариш, кӯмаку дастгирии толибилмони тоҷик дар хориҷ, мулоқоту дидораш бо раҳбарияти бархе аз донишгоҳҳоии Маскав ва бахусус ошноияш бо вазъи тадрису пажӯҳиш ва шароити зисти тоҷикони донишҷӯ сухан гуфта, иброз дошт, ки ҳукумати Тоҷикистон ва Вазорати маориф барои рушди илм ва омодасозии мутахассисони варзида чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир мекунад ва пайваста талош дорад, то дар самти таҳсилоти берунаи толибилмон корҳои бештаре карда бошад.
Ҳамчунин дар ин дидор толибилмону унвонҷӯёни тоҷик аз вазъи таҳсилу пажӯҳиш, дастоварду мушкилоташон сухан гуфтанд.
Сорбон Қодиров, Алишод Ворисов, Ромиш Қурбонов, Азамат Раҳимов, Фирдавс Ғаниев ва Толибҷон Бекназаров аз толибилмону унвонҷӯёне буданд, ки оид ба кӯмаки Вазорату ҳукумат ва мушкилоти таҳсилоташон ибрози назар карданд. Толибилмону унвонҷӯён дар ин дидор унвонҷӯи Донишгоҳи давлатии технологии Маскав (СТАНКИН) Мирзоазиз Ҳусейновро сарвари толибилмону унвонҷӯёни тоҷик дар Маскав интихоб намуданд, то дар ҳалли мушкилоти ҷойдошта дар таҳсилу пажӯҳишашон дастаҷамъонаву огоҳ талош варзанд.