Соли 2011 ҳаҷми интиқоли маблағҳои хусусии шахсони воқеӣ аз қаламрави Русия ба кишварҳои ИДМ 16,744 миллиард долларро ташкил додааст. Соли 2010 ин рақам 13,525 миллиард доллар буд.
Ба иттилои Бонки Русия шаҳрвандони Тоҷикистон дар 12 моҳи соли гузашта аз ин кишвар 2,752 миллиард доллар фиристодаанд. Дар мақоми аввал бо 4,909 миллиард доллар Узбакистон меистад. Зинаи сеюмро Молдов бо 1,647 миллиард доллар ишғол кардааст.
Ба иттилои манбаъ, маблағи аз ҳама кам ба Туркманистон интиқол ёфтааст. Туркманҳо дар соли 2011 ҳамагӣ 22 миллион доллар ба ватан фиристодаанд.