Сафири Тоҷикистон дар Туркия бо волии шаҳри Истамбул мулоқот анҷом дод.
Тавре ба «Озодагон» аз дафтари матбуотии вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон иттилоъ доданд, дипломати тоҷик Фаррух Шарифов дар қароргоҳи волӣ Ҳусейн Авни Мутлу бо шаҳрдор вохӯрд. Зимни мулоқот ҷонибҳо масоили ҳамкории иқтисодӣ-тиҷоратӣ, илмӣ-техникӣ ва саноатиро мавриди баррасӣ қарор доданд.Сафири Тоҷикистон консули генералӣ Ятимшо Мусофировро ба волии Истамбул муаррифӣ намуда қайд кард, ки ҳукумати Тоҷикистон бо мақсади рушди ҳамкориҳои судманди минтақавӣ дар шаҳри Истамбул консулгарии генералии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуд. Зимнан, Ҳусейн Авни Мутлу аз кушода шудани консулгарии генералӣ изҳори қаноатмандӣ карда, дастгирии бевоситаи худро оид ба фаъолияти ин ниҳод ва иштирок дар маросими ифтитоҳи бинои он баён намуд.Сипас, Ҳусейн Авни Мутлу ба лоиҳаҳои сармоягузорӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуд. Ӯ омодагии худро ҷиҳати мусоидат ба густариш додани ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаи гидроэнергетика, комплекси агросаноатӣ, саноати бофандагӣ, бунёд кардани корхонаҳои муштарак, ташкил намудани бизнес-форумҳои муштараки соҳибкорону сармоягузорон ва бо соҳибкорони бонуфузи Истамбул ба Тоҷикистон сафар намудан иброз дошт.{jathumbnail off}