Факултаи журналистикаи ДМТ аз Вазорати умури хориҷӣ китоб гирифт
Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба кафедраи журналистикаи байналхалқии Донишгоҳи миллӣ 6 номгӯи китобро 5 донаӣ тақдим кард.
Тавре аз факултаи журналистикаи ДМТ ба Озодагон иттилоъ доданд, «Дипломатияи Тоҷикистон. Солнома. 2009», «Дипломатияи Тоҷикистон. Солнома. 2010 (аз ҷумла бо забонҳои русиву англисӣ), «Сиёсати хориҷии Тоҷикистон» аз ҷумлаи асарҳои тақдимшуда аст. «Устодону шогирдони кафедра аз ин иқдоми Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хеле шод гаштанд. Омода кардани журналистони забондон аз супоришҳои президент дар Рӯзи матбуоти тоҷик буд»,-афзуд манбаъ.