Дар натиҷаи як санҷиши муштараки кормандони прокуратура, андоз ва намояндагони ҳукумати вилояти Хатлон дар баъзе аз ташкилотҳои вилоятии мустаққар дар шаҳри Кӯлоб беинтизомӣ ва нақзи қонуни меҳнат ошкор гардид.
Ба иттилои Раҷабалӣ Ғуломов, муовини прокурори вилоят дар гурӯҳи шаҳру навоҳии Кӯлоб, дар натиҷаи гузаронидани санҷиши муштарак оид ба риояи низоми меҳнат дар идораи матлуботи шаҳри Кӯлоб муайян гардид, ки дар соати корӣ чанд нафар аз кормандони ин идора бесабаб дар ҷои кор набудаанд. Инчунин ба иттилои манбаъ, дар идораи нақлиёт ва роҳсозии минтақавӣ, роҳбараш Сафаралӣ Абдуллоев, 4 коргар ва худи сардори идора дар кор набудаанд. Гузашта аз ин, сармуҳосиби корхона дар вақти корӣ дар ҳолати сархушӣ қарор дошт. «Ба саволи кормандони ҳифзи ҳуқуқ, ки дар куҷо будани сардорро пурсиданд, кормандони идора гуфтанд, ки Абудллоев барои омодагӣ ба вохӯрии президент ба ноҳияи Данғара рафтааст. Ҳол он, ки сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба ин ноҳия рӯзи 17-уми май эълон гашта буду ҳамаи масъулин аз он ба хубӣ огаҳӣ доштанд», -мегуяд Ғуломов.
Номбурда мегӯяд, кормандони дар кор набудаи идора ва сардори он он рӯз дигар ба кор наомаданд. Ба гумони кормандони прокуратура эҳтимол сардор низ дар соати корӣ сархуш буду бо воқиф гаштан аз санҷиши прокуратура дигар ҷуръати ба кор омадан накард.
Раҷабалӣ Ғуломов мегӯяд, прокуратура аз рафти ин санҷиш бо пешниҳод ба идораҳои болоии ин ташкилотҳо муроҷиат мекунад. Дигар муҷозот гаштани нақзкунандагони қонуни меҳнат аз ҷониби вазорату ташкилотҳои вилоятӣ вобастагӣ дорад.
Гуфта мешавад, Сафаралӣ Абдуллоев, сардори идораи нақлиёт ва роҳсозӣ ҳанӯз тобистони соли гузашта аз ҷониби кормандони БДА-и шаҳри Кӯлоб ҳангоми дар ҳолати мастӣ идора намудани нақлиёти давлатӣ боздошт гардидаву бо фармони махсуси Вазорати нақлиёт аз вазифа озод гардида буд. Аммо бо гузашти ним сол, суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе фармони Вазорати нақлиётро бекор намуда, ӯро ба вазифаи аввалааш барқарор кард.