Шахсони номаълум дар назди боғи истироҳатии «Наврӯзгоҳ», воқеъ дар ҳудуди маҳаллаи 31-уми шаҳри Хуҷанд сабукрави «Опел-Вектра», таҳти идораи Мирҷалолов Мансур, соли таваллудаш 1939-ро киро намуда ба ҳудуди шаҳри Чкалов мераванд.
Тавре ба Озодагон дар РКД-и вилояти Суғд иттилоъ доданд, баъдан ронандаи нафақахӯрро аз автомашина фуроварда, зери мушту лагат мегиранд ва сабукравашро, ки 3500 доллари амрикоӣ арзиш доштааст, мерабоянд. Ҳангоми гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ бо иттиҳоми роҳзанӣ Раҷабов Рустам, сокини шаҳри Чкалов (пеш бо моддаи 248 қ.1 КҶ ҶТ суд шудааст) ва Раҳматов Бахтиёр, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров (пеш бо моддаи 237 қ.2 КҶ ҶТ суд шудааст) боздошт мешаванд.
Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.