Дар шаҳри Хуҷанд сабқати вилоятии бокс миёни ҷавонони шаҳру навоҳии шимоли мамлакат баргузор шуд.
Беш аз 100 варзишгар дар 14 вазн барои дарёфти ҷоизаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд талош карданд. Аз рӯи ҳисоби даставӣ варзишгарони шаҳри Хуҷанд бо касби 11 медал соҳиби ҷои аввал шуданд. Зинаи дуюм насиби боксчиёни шаҳри Исфара гардид. Онҳо 6 нишон гирифтанд. Варзишгарони навоҳии Масчоҳ бо чор медал мақоми се ва муштзанҳои ҷавони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо 3 нишон ҷои чорумро гирифтанд.