Маҳмадсаид Убайдуллоев бо дарназардошти супоришҳои дар ҷаласаи 7-уми майи соли ҷорӣ оид ба беҳбудбахшии вазъи хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ, риояи хатсайру меъёрҳои техникӣ дар воситаҳои хизматрасон ба Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе ва шӯъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе ироагардида, аз рафти корҳои ислоҳӣ натиҷагирӣ намуда, бо нигаронӣ аз ҳолати ҷойдошта ба масъулин мӯҳлатҳои ниҳоӣ муқаррар кард.
Дар зимн кори комиссияҳои ҷамъиятии дар асоси Қарори дахлдори раиси шаҳри Душанбе аз ҳисоби кумитаҳои шаҳрии ҳизбҳои сиёсӣ ва воситаҳои ахбори оммаи мустақил созмонёфтаро оид ба пешбурди назорати ҷамъиятӣ аз фаъолияти хатсайрҳои мусофиркашонӣ ғайриқаноатбахш арзёбӣ намуда, аз прокуратураи шаҳр хоҳиш ба амал овард, ки дар радифи фаъолияти субъектҳои хизматрасони нақлиётӣ кори комиссияҳои мазкурро низ маврид санҷиш қарор диҳад.
Бо муқаррар намудани охирин ҷазо ба муовини раиси шаҳри Душанбе Абдулҳақ Оев ва директори КВДК «Душанбенақлиётхадамотрасон» Абдуҳомид Бобоев ба масъулини Бозрасии давлатии автомобилӣ дастур фармуд, ки тибқи муқаррароти Қарори дахлдори раиси шаҳри Душанбе фаъолияти терминалҳои беруназшаҳриро барои пешгирӣ аз худсарона воридшавии нақлиёти байнишаҳрӣ ба ҳудуди шаҳр мавриди санҷиш ва назорати қатъӣ қарор дода шавад.
Бо дахли масоили таъмири роҳҳои бар асари сардиҳои зимистон харобгардида ва сифати корҳои таъмирӣ аз тӯлкашии корҳо аз ҷониби бархе аз пудратчиён изҳори нигаронӣ намуда, қатъиян супориш дод, ки корҳои боқимондаро бо сифати баланд ва дар мӯҳлатҳои кӯтоҳтарин ба анҷом расонанд.
«Дар робита ба ин аз прокуратураи шаҳр хоҳиш кард, ки назорати прокурориро вобаста ба сифати корҳои таъмиру азнавсозии роҳҳо пурзӯр намуда, комиссияи марбутаи депутатӣ дар ин самт корҳои таъмирӣ ва азнавсозии роҳҳои дар тӯли 10 сол аз ҷониби фармоишгарон ва пудратчиён аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ анҷомгирифтаро аз нигоҳи мутобиқат ба меъёрҳои сохтмонӣ, сифат ва мӯҳлати истифодабарӣ санҷиш намуда, унвонии раиси шаҳр маълумот пешниҳод намояд»,-афзуд манбаъ.