Эмомалӣ Раҳмон райисҷумҳури Тоҷикистон баъд аз зӯҳри дирӯз соҳибкорони Покистонро ба ҳузур пазируфт.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии президент, доираи тоҷирон таҳти роҳбарии раиси Идораи рушди иқтисод ва савдои Покистон Тариқ Иқбол Пурӣ тайи се рӯз боз дар Тоҷикистон қарор доштанд ва дар поёни сафар мулоқоти онҳо бо президент доир гардид. Дар нишаст масоили кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва сармоягузории ду кишвар, аз ҷумла бо ҷалби васеи соҳибкорону тоҷирон баррасӣ гардид. Тариқ Иқбол Пурӣ ба президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба натиҷаҳои мулоқоту сӯҳбатҳои серӯзаи гурӯҳи 118 – нафараи соҳибкорону тоҷирони Покистон бо роҳбарони мақомоти давлатию ҷамъиятӣ ва соҳибкории Тоҷикистон гузориш дод. Қайд гардид, ки миёни сохторҳои гуногуни ду кишвар доир ба густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои гидроэнергетика, зироаткорӣ, моҳипарварӣ, коркарди нахи пахта, пашму пўст, меваю сабзавот, истеҳсоли семент, рушди тиҷорати мутақобила ва дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ тавофуқоти зиёд ҳосил шуд. Доир ба бунёди як корхонаи нассоҷӣ барои коркарди нахи пахта то маҳсулоти ниҳоӣ созишнома ба имзо расид. Ҳар ду ҷониб омодагӣ ва ҳавасмандии устувори худро доир ба густариши ҳамкории энергетикӣ, ба роҳ мондани интиқоли нерўи барқ аз Тоҷикистон ба Покистон ва таъмини робитаи доимию ногусастании ду кишвар аз тариқи роҳҳои заминию ҳавоӣ таъкид намуданд.{jathumbnail off}