Кормандони ҳифзи ҳуқуқ Амонулло Салимови 32 сола, сокини шаҳри Ваҳдат, ҷамоати деҳоти Симиганҷро бо ҷурми додани моддаи заҳролуд ба дӯсташ боздошт кардаанд.
Ба Озодагон дар ВКД гуфтанд, ки номбурда рӯзи 19-уми май дар як зарфи пласмасии ҳаҷмаш 0,5 литра моддаи заҳролуди «Симоб»-ро ба Раҷабалӣ Ғиёсови 31сола, сокини ноҳияи Ҳисор, сардори шӯъбаи Маркази ҷумҳуриявии ТСТ-и Вазорати тандурустии Тоҷикистон додааст. Мувофиқи маълумотномаи шӯъбаи экспертизаи судии Агентии назорати маводи нашъадори назди президенти Тоҷикистон маводи аз Раҷабалӣ Ғиёсов гирифташуда, моддаи заҳролуди навъи «Симоб» буда, вазни умумиаш 1 килою 628 граммро ташкил медодааст.
Аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.