Саҳми Иёлоти муттаҳидаи Амрико дар ҳаҷми умумии кӯмаки башардӯстона, ки таи чор моҳи соли ҷорӣ ба Тоҷикистон расонда шудааст, 44,8 фойизро ташкил медиҳад, ки нисбат ба кӯмакҳои ироакардаи Русия наздики 4 маротиба бештар аст.
Тибқи иттилои Агентии омори назди президенти Тоҷикистон ҳаҷми умумии кӯмакҳои башардӯстона ба Тоҷикистон то авали моҳи ҷорӣ 27,7 миллион доллари амрикоиро ташкил додаст. Аз ин ба ИМА 44,8 фоиз, Миср 7,6 дар сад, Нидерландия 5,4%, Русия 11,6 ва Қазоқистон 3,6 фисад рост меояд.
Ба сифати кӯмаки башардӯстона тибқи иттилои Агентии омор тайи 4 моҳ ба Тоҷикистон 4,1 ҳазор тонна орд ба маблағи 1,6 миллион доллар, 187 тонна равғани растанӣ дар ҳаҷми 343,1 ҳазор доллар, доруворӣ бо арзиши 17,2 миллион доллар ва либосворӣ ворид гардидаанд.
Дар маҷмӯъ ба Тоҷикистон то аввали моҳи ҷорӣ 27 кишвари ҷаҳон кӯмаки башардӯстона расондааст.