Тибқи иттилои Вазорати молияи Русия содироти маҳсулоти нафтӣ аз ин кишвар шурӯъ аз якуми июн арзонтар хоҳад шуд.
Дар назар аст, ки ҳукумати Русия боҷи содиротиро барои як тонна бензин аз 408 доллар то 377 доллар камтар кунад. Барои маҳсулоти рӯшани нафтии дигар боҷи содиротӣ 277 доллар муайян хоҳад шуд, ки дар муқоиса бо моҳи ҷорӣ 20 доллар арзонтар аст.
Дар маҷмӯъ боҷи содиротии нафт 6,4 фоиз кам шуда, аз 449 то 419 доллари амрикоӣ коҳиш хоҳад ёфт.
Далели арзоншавиро масъулини Русия поён рафтани нархи нафт дар бозори ҷаҳонӣ мегӯянд, ки ба ҳисоби миёна аз 15-уми апрел то 15-уми моҳи ҷорӣ 114 доллар нарх доштаст.
Дар бозори сӯзишвории Тоҷикистон ҳам рӯзҳои охир раванди арзонишавии сӯзишворӣ сурат гирифта истодааст. Нархи як литр бензини навъи АИ 92 аз 6,7 то 6,3 сомонӣ арзон шудаст.