Фаридун Маҳмадалиев, сӯхангӯи Вазорати дифоъ ба Озодагон гуфт, ки аз оғози даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарӣ 50 рӯз сипарӣ шуд ва дар ин муддат мақомоти вобастаи давлатии даъват дар ҳама шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ ӯҳдадории худро дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монданд.
Дар натиҷаи 50 рӯзаи чорабиниҳои даъват иҷрои нақша дар вилояти Суғд ба 77 дарсад расидааст, аз ҷумла ду ноҳияи ин минтақа, Мастчоҳ ва Табошаҳр аз иҷрои пурраи нақша гузориш додаанд. Дар вилояти Хатлон бошад, иҷрои нақшаи даъват 93 фисадро ташкил медиҳад ва 13 ноҳияи минтақа нақшаро ба пуррагӣ иҷро кардаанд. Дар ВМКБ тибқи талаботи қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ нақшаи даъват ба 66% расидааст. Комиссариятҳои ҳарбии навоҳии марказ аз 89% ва комиссариятҳои ҳарбии шаҳри Роғун ва ноҳияи Тавилдара аз иҷрои пурраи нақшаи даъват гузориш додаанд. Дар чор ноҳияи пойтахт бошад, нақшаи даъват 85 фисад иҷро шудааст.
Дар маҷмӯъ иҷрои нақшаи чорабиниҳои даъват дар ҷумҳурӣ ба 85 дар сад мерасад.