Дар маркази шаҳри Маскав шоми дирӯз миёни муҳоҷирони меҳнатии қирғиз ва узбак задухӯрд ба вуқӯъ пайваст. Дар ин бора хабаргузории Интерфакс бо такя ба ВКД-и Русия хабар додааст.
Ба иттилои расида, дар пайи ин низоъ ду нафар ҷароҳат бардошта ва яке аз онҳо дар беморхона бистарӣ аст.
Кормандони пулис барои ташкили бетартибӣ 79 нафарро дастгир карда, баъди анҷоми «сӯҳбатҳои профилактикӣ» онҳоро ҷавоб додаанд.
Дар мавриди сабабҳои сар задани ин ҳодиса ҳанӯз хабари дақиқе рӯи даст нест.