«Вазъи нашъамандӣ ва сироятёбии ВНМО/БПНМ». Таҳти ҳамин унвон дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабшо Сатторов нишасти вижае сурат пазируфт.
Дар ҷамъомади мазкур, ки бо ибтикори Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон баргузор шуд, бештар аз сад донишҷӯ ва омӯзгор ширкат дошт. Тавре ба Озодагон аз агентии мазкур хабар доданд, дар ҷараёни чорабинӣ ба ҳозирон дар бораи оқибаҳои ҳалокатбори истифода аз маводи мухаддир, моддаҳои нашъадори синтетикӣ аз қабили экстазӣ, ЛСД, инчунин вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) ва роҳҳои сирояти онҳо маълумот дода шуд.
Бино ба иттилои манбаъ, нишаст дар шакли саволу ҷавоб доир шуд ва мутахассисони Агентӣ ба ҳама пурсишҳои иштирокдорон посух гуфтанд.