Дар ҳамин ҳол сармутахассиси Раёсати ҳифзи муҳити зисти маркази вилояти Суғд Ш. Меликбоева изҳор дошт, ки чорабиниҳо ҳар рӯзи шанбе бо оммаи васеи табиатдӯстон баргузор мегардад: «Зимни аксияи «Тозагии соҳил» дар ноҳияи Спитамен 12 манбаи об тоза гардида, 25 тонна партовҳо бароварда шуд. Дар 7 ҷамоати деҳоти Ашт дар ин аксия 1105 нафар иштирок намуданд. Дар ноҳияи Зафаробод зимни аксия 5,5 км каналу ҷӯйбор аз партов тоза карда шуд».
Аксияи «Тозагии соҳил» дар дигар шаҳру деҳоти вилояти Суғд идома дорад.