Президент вазири нафтро таъин кард
Вазири нафти давлати исломии Эрон ба курсӣ сазовор шуд.
Тибқи иттилои расонаҳои хабарӣ президенти Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод баъд аз мухолифати шадиди порлумон ба номзадии худаш дар мақоми вазири нафт, шарики сиёсияш Муҳаммади Алиободиро сарпарасти вазорати нафти Эрон таъин кард. Гуфта мешавад, ҷаноби Алиободӣ дар гузашта раиси кумитаи миллии олимпии Эрон ва ноиби президент дар умури тарбияи ҷисмонӣ ва сардори созмони моҳипарварӣ будааст. Маҷлиси Ҷумҳурии Исломӣ талоши ишғоли мақоми вазири нафтро аз тарафи Аҳмадинажод хилофи қонуни асосӣ номид ва ба мақомоти адлияи кишвар муроҷиат кард.