Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба варзишгарони тоҷик, ки дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ се ҷои аввалро соҳиб мешаванд, манзили дуҳуҷраӣ тақдим мекунад. Ин нуктаро Муҳиддин Кабирӣ, роҳбари ҳизби мазкур иброз дошт.
Номбурда зимни суханронӣ дар маҳфиле бахшида ба Рӯзи ҷавонон, ки дар толори ҲНИТ сурат пазируфт, гуфт идеяи ҳавасманд намудани варзишгарон хеле пештар пайдо шуд, вале ба хотири ҷилавгирӣ аз ҳар гуна сару садоҳо онро эълон накарданд: «Шояд сару садоҳое ҳам баланд мешуд, ки акнун варзишро ҳам ба сиёсат мекашанд. Ба ҳамин хотир чизе нагуфтем, вале агар аҳли толор розӣ бошад, мо варзишгаронеро, ки бо медали олимпӣ ба ватан меоянд, қадр мекунем». Баъди ин ҳарфҳои роҳбари ҲНИТ толор бардавом кафкубӣ кард ва Кабирӣ эълон дошт, барои ҳар нафаре, ки дар Лондон ҷойҳои аввал, дуюм ва сеюмро ишғол мекунад, аз номи ҳизб манзили зист ҳадя мешавад.
Гуфтанист, ҲНИТ ягона ҳизбест, ки барои барандагони Олимпиада ҷоиза муқаррар кардааст. Аз ин пеш Эмомалӣ Раҳмон, райисҷумТоҷикистон эълон карда буд, ки ғолибону ҷоизадорони Олимпиадаи Лондонро аз 200 то 300 ҳазор сомонӣ интизор аст.
Ёдовар мешавем, варзишгарони тоҷик 13 роҳхати олимпиро ба даст овардаанд.