БДА бо кӯмаки наврасон садамаҳои нақлиётиро коҳиш доданист
Раёсати бозрасии давлатии автомобилӣ озмуни «Нозирони навраси ҳаракати роҳ»-ро ҷамъбаст намуд.
Қудратулло Шоев, масъули маркази матбуоти ин ниҳод ба хабаргузории Озодагон гуфт, ҳадаф аз баргузории озмун ҷилавгирӣ аз садамаҳои нақлиётӣ бо ширкати кӯдакон буд.
Ба қавли номбурда озмуни мазкур 15-уми май шурӯъ гардида, нимаи аввали имрӯз ҷамбаст гардид. Дар он кӯдакону наврасон аз тамоми манотиқи кишвар ҷалб гардиданд. «Аз вилояти Хатлон, вилояти Суғд, ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳри Душанбе як дастаӣ дар озмун ширкат доштанд. Ҳайати дастаҳо аз 10 нафарӣ иборат буд. Мутаасифона бо сабаҳои номаълум кӯдакону наврасон аз ВМКБ ширкат накарданд. Озмун аз рӯи 10 шарт, аз ҷумла валосипедронӣ, санитарҳои ҷавон, мухбирони ҷавон, қадамзанӣ ва дигар шартҳои донистани қоидаҳои ҳаракти роҳ гузаронида шуд»,-афзуд масъули маркази матбуоти РБДА.
Дастаи кӯдакону наврасони шаҳри Душанбе пешсафиро аз даст надода, ғолиби озмун гардиданд. Наврасони вилояти Хатлон ҷойи ду ва дастаи вилояти Суғд мақоми сеюмро касб карданд.
Гуфтанист, соли дуюм аст, ки дар шаҳри Душанбе чунин як озмун гузаронида мешавад. Дар озмуни соли сипаришуда дастаи ноҳияи Рӯдакӣ ғолиб омада буд.