Бо ташабуси Бонки ҷаҳонӣ аз 21 то 23-уми май дар шаҳри Душанбе масъалаи мушкилоти муҳоҷирати меҳнатӣ дар сатҳи кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил баррасӣ мешавад.
Тавре аз Хадамоти муҳоҷират ба Озодагон иттилоъ доданд, будубоши муҳоҷирони меҳнатӣ, ба танзим даровардани раванди муҳоҷират, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирон аз мавзӯъҳои аслии матруҳа дар ҳамоиш аст.
Дар кори нишаст коршиносону масъулини ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон, намояндагони кишварҳои хориҷа, коршиносони Бонки ҷаҳонӣ ширкат хоҳанд кард. Масъулини Бонки ҷаҳонӣ изҳор медоранд, ки ҷиҳати кӯмак ба Хадамоти муҳоҷират дар самти омодагии томуҳоҷиратӣ ва ба танзим даровардани мушкилоти муҳоҷират дар Тоҷикистон баҳри рушди дастаҷамъӣ омодаанд.