Шаби гузашта ронандаи автомашинаи номаълум дар шаҳри Душанбе пиёдагардро пахш намуда, аз ҷои ҳодиса фирор мекунад.
Тавре аз ВКД ба Озодагон иттилоъ доданд, ин ҳодиса соати 03:30-и 18-уми май дар кӯчаи «50 солагии СССР» дар рӯ ба рӯи бинои №30 ба вуқӯъ пайвастааст. Дар натиҷа Маҳкам Файзиев, истиқоматкунандаи маҳалаи 13 дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад.