Дар Мексика ҷасади журналисте пайдо шуд, ки дар мавриди гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ ва қочоқчиёни маводи мухаддир матлаб менавишт. Рӯзноманигор рӯзи панҷшанбе аз сӯи афроди номаълум рабуда шуда буд.
Тибқи иттилои расида, ҷасади Марко Антонио Авилро бо нишонаҳои азобу шиканҷа аз канори роҳе дар шимоли Мексика ёфтаанд. Дар назди ҷасад варақае мехобид, ки мазмуни таҳдидро дошт. Гуфта мешавад, зери навишта имзои яке аз нашъаҷаллобон гузошта шудааст.
Тайи чанд соли ахир дар Мексика даҳо ҳазор нафар қурбони низои байни нашъаҷаллобон шудаанд. Ҳафтаи сипаришуда дар наздикии шаҳри Монтер аз дохили халтаҳо ҷасади 37 нафар пайдо шуд, ки аз захми тир ба ҳалокат расидаанд. Аз ин пештар дар шарқи ин кишвар се журналисти дигар кушта шуд.