Таркиш дар Бағдод ҷони панҷ нафарро гирифт. 30 каси дигар ҷароҳат бардошт
Бар асари сил-силаи инфиҷорҳо дар бозори паррандафурӯшии пойтахти Ироқ 5 нафар ҷони худро аз даст дода, 30 тани дигар захмҳои гуногун бардоштаанд.
Ба иттилои расида, таркишҳо тақрибан дар як вақт ба вуқӯъ омадаанд. Бо ин ҳол гуфта мешавад, ки шумораи таркиш ва ҳамлаҳои мусаллаҳона дар Ироқ, ки солҳои 2006 – 2007 ба нуқтаи баландтарини худ расида буд, ба оҳистагӣ коҳиш меёбад. Аммо ҳамла ба кормандони Хадамоти амниятӣ пайваста сурат мегирад. Чунин ҳамлаҳо дар бештари маврид навъе эътироз ба амалкардҳои ҳукумати қонунӣ маънидод мешавад.