Милисаи тоҷик пулис мешавад. Ваколатҳояшро ҳам кам мекунанд
Тибқи Барномаи миллии ислоҳоти милиса, на танҳо мафҳуми милитсия ба полис иваз мешавад, балки дигар тағйиру иловаҳо дар назар дошта шудааст. Ин нуктаро Ҳайдар Маҳмадиев, ҳамоҳангсози ВКД оид ба ислоҳоти милитсия изҳор дошт.
Номбурда дар сӯҳбат ба хабаргузории Озодагон мақсад аз таҳияи чунин барномаро қабули қонунҳои нав дар соҳа ва ислоҳот дар хусуси бақайдгирии ҷиноятҳо унвон карда афзуд, ки аз як тарф ваколату салоҳияти кормандони ВКД кам мешавад ва аз ҷониби дигар вазифа-масъулияти онҳо дар назди мардум зиёд хоҳад шуд: «Мо гуфта истодаем, ки полис на танҳо вазифадор аст, ки ҷиноякориро нест кунад ё тартиботи ҷамъиятиро нигоҳ дорад, балки ҳамчунин вазифадор мешавад, ки ба мардум кӯмак намояд».
Ба қавли Ҳайдар Маҳмадиев ба нафақа баромадани кормандони милиса ва тарзи пушидани либоси онҳо низ дар ин барнома пешбинӣ шудааст. Ба гуфтаи ӯ барномаи мазкур бояд то соли 2020 пурра амалӣ шавад.
Дар ҳамоише, ки ба ин муносибат дар шаҳри Душанбе сурат пазируфт, коршиносони мустақил, масъулини ташкилотҳои ҷамъиятиву хориҷӣ ширкат доштанд. Дар нишаст гуфта шуд, ки дархосту пешниҳоди коршиносону масъулини ниҳодҳои зирабт вобаста ба ислоҳоти милиса ба ҳукумати Тоҷикистон ва ВКД ирсол хоҳад шуд.