Мавзуна Чориева, муштзани маъруфи тоҷик дар даври ниманиҳоии сабқати VII-уми қаҳрамонии бокси ҷаҳон миёни занон аз Кэти Тейлор, қаҳрамони феълии ҷаҳон шикаст хӯрд.
Мавзуна Чориева дар вазни то 60 кило қувваозмоӣ мекард ва Алла Яршевич (Беларус), Каролина Грасюк (Лаҳистон), Антонина Шевченко (Қирғизистон) ва Эстелле Моссели (Фаронса)-ро мағлуб намуда соҳиби роҳхат ба Бозиҳои тобистонаи олимпӣ шуд. Мавзуна ягона варзишгари бону аз Тоҷикистон аст, ки дар Олимпиадаи Лондон-2012 иштирок мекунад.
Дар мусобиқаи қаҳрамонии бокс миёни занҳо Тоҷикистонро Матлуба Каримова (дар вазни то 48 кг) ва Светлана Веглина (то 51 кг) низ намояндагӣ мекарданд, ки дар нахустин даври қувваозмоиҳо ноком шуданд.